Шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат аз олам даргузашт
Опубликовано пт, 18/05/2018 - 17:42 пользователем tvt
Имрӯз шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷанозаи марҳум Муъмин Қаноат пагоҳ, 19 май, соати 10:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (суроға: ш. Душанбе, кӯч. Шодмонӣ, 58) баргузор мегардад.


Тавре огоҳӣ дорем, чанд соли охир баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон дар мамлакат аз ҷониби баъзе тоҷирону савдогарони бозорҳо бе ягон асос боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла, гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва шир ба мушоҳида мерасид, ки ин боиси ташвиши аҳолӣ мегардид. Махсусан ин ҳолат бештар дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ба назар мерасид.