Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорк
Опубликовано пн, 18/09/2017 - 10:43 пользователем tvt
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз шаҳри Ашқобод ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.


Дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн мулоқот намуданд.