Президент

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2013 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.

Ифтитоҳи хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари навбатии кории худ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия иштирок кард.

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф овард.

Страницы