КҲФ ва МГ огоҳ менамояд: дар рӯзҳои боронӣ аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоед
Опубликовано чт, 25/04/2019 - 20:39 пользователем admin
Вазъи номусоиди обу ҳаво ва боридани борони шадид дар ҷумҳурӣ боиси рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла, омадани сел ва фаромадани сангреза гардид.


Назар ба иттилои навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Мансурхон Додихудоев, роҳи Душанбе-Хоруғ чаҳор рӯз ин ҷониб баста буда, кормандон кӯшиш доранд сари вақт роҳро тоза кунанд. «Зиёда аз 70 мошини мусофирбару боркаш дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дармонда, мусофирон ба ноҳияи Ванҷ интиқол дода шудаанд. То кушода шудани роҳ онҳо дар хонаҳои сокинони деҳот мемонанд.
Лағзиши бештар аз 80 тарма зарфи се рӯзи охир 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира гирифтааст. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.