«IRS»: ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири Душанбе-Чаноқ зери назорат қарор дорад
Опубликовано чт, 17/01/2019 - 18:10 пользователем admin
Дар масири Душанбе—Чаноқ новобаста аз бориши барф ҳаракати воситаҳои нақлиёт зери назорати пайваста қарор дорад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.


Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масири роҳи Душанбе-Чанок дидан намуд. Иқдоми мазкур қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буда, далели возеҳи он аст, ки роҳбарони сохторҳои дахлдор зарурати ҳамоҳангии фаъолиятро ба таври бояду шояд дарк намудаанд.