Муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» -и вилояти Хатлон бори аввал бо намоишномаи тарбиявии «Подоши амал» дар қатори дигар театрҳои лӯхтаки ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Фестивали VI байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл», ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муаррифӣ менамояд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, аҳли эҷоди театри мазкур алҳол намоишномаи тарбиявии «Подоши амал»-ро аз рӯи асари Абдураҳим Абдураҳмонов тамрин карда, маводи саҳнавӣ ва лӯхтакҳоро таҳия менамоянд.
«Ҳунармандони театри мазкур аз иштирок дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл», ки ҳунармандони зиёдро аз кишварҳои хориҷӣ ба ҳам меорад, изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг онро тадбири беҳтарин арзёбӣ намуданд»,-зикр кард манбаъ.
Боиси зикр аст, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба доир гардида, дар он театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Россия, Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳо бо намоишномаҳои беҳтарин иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» дар оғози соли 2018 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба фаъолият шурӯъ намуд.
АМИТ «Ховар»