Тоҷикистон дар САҲА натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии минаҳо ва маҳви боқимондаҳои силоҳи сабуки оташфишонро муаррифӣ кард

19 июни соли равон дар қасриҲофбурги шаҳри Вена ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА(FSC) доир гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонбаргузор гардида, ба барномаҳои марбут ба мудирияти захираҳои силоҳисабуки оташфишон ва захираҳои муҳимоти муқаррарӣ дар Осиёи Марказӣбахшида шуда буд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати қӯшунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Саёрабек Бачабекзода ба ҳайси суханвари калидӣ роҷеъ ба барномаҳои марбут ба маҳви захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти муқаррарӣ, нигаҳдории онҳо, инчунин лоиҳаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Тоҷикистон гузориш  пешниҳод  намуд.

Зимни суханронии худ намояндаи аршади ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оид ба таҷрибаи ҳамкории мақомоти низомии кишвар бо САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи «Барномаи мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти муқаррарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2004-2009» иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки дар доираи барномаи мазкур 26 ҳазор мил силоҳи сабуки оташфишон ва 34 тонна муҳимоти ҷангӣ маҳв карда шуда, 9 анбори махсуси нигоҳдории силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ бунёд ва 60 анбори силоҳ таъмир карда шуданд.

Айни замон Тоҷикистон бо САҲА дар амри гузариши пурраи Вазорати мудофиаи мамлакат  ба низоми электронии баҳисобгирии захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти низомӣ ҳамкории судманд  ба роҳ мондааст.

Генерал-майор Бачабекзода ба саҳми САҲА дар татбиқи «Барномаи давлатии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳои баланд дода, таъкид кард, ки аз соли 2009 то имрӯз ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА натиҷаҳои назаррас додаанд.

Масалан, таъсиси ротаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба поксозии 3 ҳазор км мураббаъ аз минаҳо, маҳви зиёда аз 16 ҳазор минаи зиддипиёдагард ва 3 ҳазор маводди гуногуни тарканда мусоидат кардааст.

Тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати тавсеаи фаъолият дар ин раванд «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» мавриди татбиқ қарор дода шудааст.

АМИТ «Ховар»