Тоҷикистон оташбаси комил ва қатъи тамоми амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи низои Кӯҳистони Қарабоғро истиқбол менамояд

Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ва Президенти Федератсияи Россия аз 9 ноябри соли 2020 оид ба оташбаси комил ва қатъи тамоми амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи низои Кӯҳистони Қарабоғро истиқбол менамояд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Мо аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези низои Кӯҳистони Қарабоғро бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ дар чаҳорчӯби принсип ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунем»,- гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АМИТ «Ховар»

Tags: