Ӯзбекистон дар Душанбе маҳсулоти саноатиашро ба намоиш мегузорад

Аз 17 то 21 апрели соли равон Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро баргузор намояд.
Намоишгоҳ дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор гузаронида шуда, палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспосентр» аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ мебошанд.
Ҳадафи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон татбиқи қарордодҳои зимни ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба даст омада, инчунин тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: 

Маводҳои ҳамсон