Вакилони Парлумони Тоҷикистон сатҳи таълиму тарбияи насли наврасро муҳокима карданд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон таҳти раёсати раиси кумитаи мазкур Лутфия Раҷабова муҳокимаи ошкорои парлумонӣ вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи  «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2017», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 тасдиқ шудааст,  баргузор шуд. 

Дар ҷаласа роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.

Оид ба масъалаи мазкур дар назди иштирокчиёни муҳокимаи ошкорои парлумонӣ вакили Маҷлиси намояндагон Мусаллам Қодирова баён дошт, ки соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта,  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат арзёбӣ шудааст.

Яке аз ҳадафҳои  асосии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғиби одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида ба воя расонидан, пешгирӣ намудани рафтори номатлуб, ҷинояткорӣ ва ғайра бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2017» қабул карда шуд.

Тибқи дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 13 декабри соли равон аъзои Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон барои шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи Барнома ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Ёвон, Файзободу Шаҳринав сафари корӣ анҷом доданд.

Дар Барномаи мазкур ҳадаф ва вазифаҳои мушаххас ҷиҳати рушди таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Дар давоми панҷ сол ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, марказҳои инкишофи кӯдакон ва муассисаҳои таълимии умумӣ кӯдакони  зиёд фаро гирифта шуданд. Дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз 488 ба 603 адад расид, ки 94 ҳазору  724 нафар кӯдакро ба таҳсил фаро мегирад. Шумораи марказҳои инкишофи кӯдакон аз 338 ба 1 694 адад расид, ки 43 ҳазору 843 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 793 адад  ба 3 865 адад расид.

Дар ноҳияҳо бо мақсади ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон фаъолияти маркази инкишофи кӯдакон  ба роҳ монда шуда, кӯдакон дар давоми 3–4 соат ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Гарчанде ки шумораи марказҳо рӯ ба афзоиш дошта бошад ҳам, ин шумора талаботи ҷомеаро қонеъ карда наметавонад.  Барои мисол, дар шаҳри Ваҳдат дар назди  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 58 маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 1 091 нафар кӯдак, дар шаҳри Турсунзода дар назди 82 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 2 409 нафар кӯдак, дар ноҳияи Шаҳринав дар назди  30 муассисаи таълимӣ бо фарогирии  1028 нафар кӯдак фаъолият доранд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар ду мактаб 1–тогӣ маркази инкишофи кӯдакон рост меояд, ки ин ниҳоят кам аст. Агар дар назди ҳар як  муассисаи таҳсилоти умумӣ  яктогӣ чунин марказ ташкил карда шавад, ин шумора ба 3 793 мерасид, ки метавонист 94 ҳазору 825 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Барои кушодани чунин марказҳо аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағ талаб карда намешавад, танҳо бо падару модарон робитаро зич намудан зарур аст.

Дар давоми се соли охир дар ноҳияи Файзобод 3 боғчаи нав бо фарогирии 400 кӯдак, дар ноҳияи Шаҳринав 2 боғчаи нав бо фарогирии 180  кӯдак ба истифода дода шудааст.

Дар давоми ду соли охир теъдоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бештар аз 100 000 нафар афзудааст. Ин омил дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе бештар буда, зарурати сохтмони мактабҳои нав ба миён омадааст.  Аксар вақт дар ноҳияҳо ҳангоми зарурат танҳо сохтмони синфхонаҳои иловагиро ба назар мегиранд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва қонуншиканӣ аз тарафи онҳо ташвишовар боқӣ мондааст. Дар нуҳ моҳи соли  2017  дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 14 ҳазору 441 маротиба амалиёти муштарак бо номҳои шартии «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда»  гузаронида шуда,  аз тарафи ноболиғон 517 (соли 2016- 590), аз тарафи ҷавонон 4 410 (соли 2016-4865) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.   Ҷинояти аз тарафи ноболиғон содиршударо 20 нафар духтар ва 512 нафар писарон анҷом додаанд. Аз ин шумора 18 нафар ноболиғон якҷоя бо калонсолон ҷинояти гурӯҳӣ содир намудаанд, 70 нафар ноболиғон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 нафар хонандагони литсейҳои касбӣ–техникӣ ва коллеҷҳо, 448 нафар наврасон мебошанд, ки дар ягон ҷой кору таҳсил намекунанд. Аз ҷиноятҳои содиршуда барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ 2 нафар, одамкушӣ 1 нафар, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 5 нафар, тайёркунӣ ва истифода бурдани моддаҳои нашъадор 1 нафар, дуздӣ 334 нафар, қаллобӣ 5 нафар, ғоратгарӣ 13 нафар, роҳзанӣ 1 нафар, авбошӣ 59 ва дигар ҷиноятҳо 90 нафар рост меояд. Дар асоси моддаи 90 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ 6 363 адад санадҳои маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулини мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд, тартиб дода шуда, барои андешидани тадбирҳои қонунӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудаанд. 1 745 нафар падару модарон аз ин шумора  ба маблағи 159 510 сомонӣ ҷарима карда шуда, 374 нафар огоҳонида шуданд, 4 244 мавод дар баррасӣ қарор доранд. Дар шаҳри Ваҳдат дар ин давра 89 нафар волидоне, ки фарзандонашон даст ба корҳои ношоиста задаанд, ба миқдори 6 440 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Ҳамзамон 1 нафар ноболиғи душвортарбияро ба мактаби махсуси шаҳри Душанбе равон карданд. Ҳоло дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ 30 нафар ноболиғон тарбия гирифта истодаанд. Муассисаи тарбиявӣ барои 120 нафар ноболиғон муқаррар шудааст. Ҳамарӯза ба таҳвилгоҳи муваққатии ноболиғони ВКД ноболиғони зиёде, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, даст ба бетартибию  қонуншиканӣ мезананд ва ҳатто ҷиноят содир мекунанд, оварда мешаванд. Вале онҳоро ба муассисаи ислоҳотии тарбиявӣ ҷойгир намекунанд. Мушкилӣ дар он аст, ки ноболиғони душвортарбияро дар асоси қарори суд ба ин муассиса мефиристанд. Пешниҳод карда мешавад, ки ҷойгир намудани ноболиғони душвортарбия ба мисли солҳои  пешин бо қарори комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо дар асоси оинномаи муассиса  сурат гирад.

Аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда ҳамчунин муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамхон Кучакшозода сухан гуфтанд.

Иштирокчиёни муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баъди саволу ҷавобҳо ва музокираҳо тавсияҳои парлумонӣ қабул намуданд.

АМИТ "Ховар"