Варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ шуд

ТВТ. 27.08.2022Варзишгари тоҷик Нурулло Муродов дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (ВТ) миёни наврасон, ҷавонон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд, ки 23 август дар шаҳри Ҳошимини Ветнам оғоз гардид, имрӯз 27 август ба анҷом мерасад.

Аз ҷумҳурии мо ду нафар – Муҳаммадризо Шукуров (-51кг) ва Нурулло Муродов (-59кг) бо роҳбарии мураббӣ Фарҳод Негматов дар сабқатҳо миёни ҷавонон ширкат карданд.

Нурулло дар даври аввал бар варзишгари Муғулистон Билгудей Енхбаатар бо ҳисоби 2:0, дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Алибек Шайкенов бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, вале дар нимфинал бо 5 огоҳӣ аз намояндаи Тайпейи Чин Гуан Чен мағлуб гардида, ҷои сеюмро гирифт.

Муҳаммадризо дар аввалин муҳорибааш аз варзишгари Ҷопон Рйусей Оҳара шикаст хурд.

Ин дуюм медали таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон аст. Соли 2019 Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар Урдун, дар вазни -73кг медали биринҷӣ гирифта буд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: