Вазъи обу ҳаво дар ҷумҳурӣ номусоиди боронӣ боқӣ мемонад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусоиди боронӣ боқӣ монда, ба амал омадани  раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Имрӯз, 21 май дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +18 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо шабона боридани барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +4 +9 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +24 +28 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба амал омадани раъду барқ, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +24 +26 дараҷа ва шабона +9+11 дараҷа гарм хоҳад шуд.​

АМИТ "Ховар"