Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли ташкилоти хайриявии «ас-Салом»-и Давлати Кувайт мулоқот намуд

Имрӯз, 28 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Мудири кулли ташкилоти хайриявии «ас-Салом«-и Давлати Кувайт доктор Набил Ҳамад ал-Авнро ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Ҳукумати Давлати Кувайт ва ташкилоти хайриявии «ас-Салом» барои тақдим намудани чордаҳ адад воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба мамлакати мо ҷиҳати мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: