Вазорати молия: дар ҳаҷми умумии 573,2 млн сомонӣ ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо пардохт гардиданд

Соли гузашта ба соҳаҳои иқтисодии мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 24,9 млрд сомонӣ, аз ҷумла, ба соҳаҳои мақомоти  ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,3 млрд сомонӣ, соҳаи маориф- 4,4 млрд сомонӣ, тандурустӣ- 2,6 млрд сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ- 3,9 млрд сомонӣ, фарҳангу варзиш- 988,4 млн сомонӣ, инчунин ба соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ- 1,4 млрд сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ-  4,5 млрд сомонӣ, кишоварзӣ- 617,7 млн сомонӣ ва саноату сохтмон- 171,7 млн сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия- 1,1 млрд сомонӣ равона карда шуд. Бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоти буҷетӣ 5,8 млрд сомонӣ, идрорпулӣ- 90,9 млн сомонӣ, нафақа- 2,9 млрд сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар ҳаҷми умумии 573,2 млн сомонӣ пешбинӣ ва сари вақт пардохт гардид.

Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода баён дошт.

-Тадбирҳои амалинамудаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии хавфҳои паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва пайомадҳои иҷтимоию иқтисодии он имкон доданд, ки дар соли ҳисоботии 2020 вазъи макроиқтисодии кишвар дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад,- афзуд Ҷамшед Каримзода.

Дар соли сипаригашта  рушди иқтисодии кишвар аз ҳисоби 9,7 фоиз зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 8,8 фоиз дар соҳаи кишоварзӣ ва 0,8 фоиз афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ таъмин карда шудааст.

Дар робита ба рушди иқтисоди кишвар ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти  буҷетӣ дар сатҳи 100,1 фоизи нақша таъмин гардида, ба он 24,3 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид.

Воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 20,3 млн сомонӣ ва нисбат ба соли 2019-ум 1,1 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба буҷет 10,6 млрд сомонӣ, фаъолияти иқтисодии беруна 5,5 млрд ва ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 1,7 млрд сомонӣ ворид шудааст.

Дар соли ҳисоботӣ ба суратҳисоби махсуси муассисаву ташкилоти буҷетӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ 1,8 млрд сомонӣ ворид гардид. Азхудкунии маблағҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 3,6 млрд сомониро ташкил дод, ки ин ба 103,0 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Маҷмӯан дар соли 2020 барои дастгирии буҷети давлатӣ аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ 342 млн доллари амрикоӣ ҷалб гардид.

Ҳамзамон дар соли гузашта  4 созишномаи иловагии молиявӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба маблағи умумии 182,2 млн евро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои мустақим дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои об, низоми автоматикунонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба имзо расонида шуд.

Инчунин дар нишаст вобаста ба раванди таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав зикр шуд, ки Лоиҳаи пешакии Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда шуда, барои баррасии омма дар сомонаи Вазорати молия ҷойгир карда шудааст.

АМИТ«Ховар»

Tags: