Вохўрии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва кишвари Олтойи Русия дар мавриди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар намояндагии «Россотрудничество» баргузор мегардад

Вохўрии доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Олтойи Федератсияи Русия дар мавриди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ пагоҳ, 22 ноябр дар намояндагии «Россотрудничество» баргузор мегардад. 
Ба ҳайати кишвари Олтой намояндагон ва роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Олтой, ширкатҳои бонуфузи ин кишвар, аз қабили ҶДММ «Алкей», ҶДММ «СистемСервис», ҶСК «Торговый дом «Велес», ҶДММ «Одуванчик» ва дигар ширкатҳои маъруфи саноатӣ шомил мебошанд.
Дар назар аст, ки соҳибкорони олтоӣ аз 23 то 25 ноябр аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ дидан намуда, бо соҳибкорони ин вилоят мулоқот анҷом диҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: