Имрўз Қоҳир Расулзода,Сарвазири кишвар бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Йилдирим Туғрул Туркеш мулоқот анҷом додааст.
Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ кардаанд..
Ҳамчунин тарафайн ба таври муфассал масъалаҳои марбут ба рўзномаи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории иқтисодиро муҳокима намуда, муҳимияти баргузории онро дар рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика ва нақлиёт таъкид карданд.
Дар мулоқот ҳамзамон дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.