В.Путин: «Ояндаи наздик дар Сурия ба мубориза бар зидди терроризм нуқта гузошта мешавад»

Ояндаи наздик дар Сурия ба мубориза бар зидди терроризм нуқтаи ниҳоӣ гузошта мешавад, ҳарчанд ки мабдаҳои ин мушкилот боз пайдо хоҳанд шуд. Дар ин бора президенти Федератсияи Россия Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбарияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии ин кишвар, ки дар он президенти Сурия Башор Асад низ иштирок дошт, изҳори андеша намуд, — хабар медиҳад агентии ТАСС.

«Мушкилот бо терроризм ҳанӯз ҳам дар ҷаҳон, дар Шарқи Наздик, аз ҷумла, дар Сурия вуҷуд доранд. Аммо вазифаи асосӣ аллакай дар ҳоли анҷомёбист ва метавон дар ояндаи наздик гуфт, ки мо онро ҳал кардем», — гуфт В. Путин.

АМИТ "Ховар"