Як фармондеҳи эҳтимолии Толибон дар Олмон боздошт шуд

Дар Олмон як шаҳрванди 30-солаи Афғонистонро боздошт кардаанд, ки дар куштори сарбозони амрикоию афғон айбдор мешавад.

Ба огаҳии додситонии федеролии Олмон, шаҳрванди Афғонистон Абдулло П. 23 март дар ҷануби аёлати Бавария бо гумони узвият дар созмони террористӣ ва сӯиқасд дастгир шудааст.

Додситонӣ мегӯяд, боздоштшуда соли 2002 ба сафи ҳаракати даҳшатафкани Толибон пайваста, соли 2004 фармондеҳиро аз падараш қабул кардааст.

Муфаттишон бар инанд, ки ӯ дар ҳамлаҳои бешуморе зидди низомиёни хориҷию дохилӣ дар Афғонистон, аз ҷумла ба корвони мошинҳои низомӣ, ки ҷони 16 сарбози амрикоию афғонро рабуд, иштирок дошт.

Ба гуфтаи додситонӣ, Абдулло П. пас аз таҳдиди қатл соли 2008 ба Покистон фирор карда, соли 2011 аз онҷо ҳамчун гуреза ба Олмон рафтааст.

Tags: