Зиёда аз 184 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Восеъ бо оби тоза таъмин мешаванд

Зимни татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунӣ дар деҳот ва беҳдошт дар ноҳияи Восеъ моҳи декабри соли 2020 сохтмони  маҷмааи обтаъминкунӣ барои деҳаҳои ноҳия оғоз ёфт. Айни замон дар Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи мазкур  аллакай 56 фоизи  корҳои сохтмону васлкунӣ ба анҷом расидаанд.

Тавре мушовир оид ба кор бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Усмонов хабар дод, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (МИЛ) бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.

Лоиҳа ҳафт ноҳияи ҷанубии вилояти Хатлон- Восеъ, Кӯшониён, Вахш, Балхӣ, Дӯстӣ, Левакант ва Ҷайҳунро фаро мегирад.  Баъди ба итмом расидани он соли 2025 дар ноҳияҳои интихобшудаи вилояти Хатлон беш аз 400 ҳазор нафар бо оби тоза ва хушсифат таъмин мешаванд.

Дар доираи таҳияи лоиҳакашӣ сохтмони аввалин маҷмааи обтаъминкунии умумӣ дар ноҳияи Восеъ ба панҷ минтақа тақсим карда шудааст. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар панҷ минтақа зиёда аз 184 ҳазор нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард, ки ин 90% аҳолии ноҳияи Восеъро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сармуҳандиси МИЛ Бахтиёр Тухтаев, ҳоло дар ноҳияи Восеъ дар минтақаҳои лоиҳавии 1.1 (шабакаи обтаъминкунии Тоскала) ва 1.2 (шабакаи обтаъминкунии Чилла) ду иншооти обҷамъшаванда, инчунин қубурҳои обгузар ва шабакаи обгузари дохили шаҳракҳо сохта шуда истодаанд. Ба истифода додани иншоот ва маҷмааи пурраи обтаъминкунии ин ноҳия охири соли 2021 дар назар аст. Тамоми корҳои сохтмониро танҳо ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ анҷом медиҳанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Бонки ҷаҳонӣ соли 2020 зимни озмун (тендер) интихоб шудаанд.

Дар ноҳияи Восеъ байни аҳолӣ оид ба қоидаҳои беҳдошт ва истифодаи самараноки об дар деҳот маъракаҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оғоз ёфтаанд. Тибқи гуфтаи мутахассисони МИЛ, дар доираи иттилоотонии аҳолӣ ихтиёриён, мутахассисон, донишҷӯён ва омӯзгорони 28 мактаби миёнаи интихобшуда ва намояндагони 16 маркази тиббии ноҳия, ки дар онҳо иншооти муосири санитарӣ сохта мешаванд, ҷалб мегарданд. Зиёда аз 40 ҳазор нафар дар маъракаҳои иттилоотии лоиҳаи МИЛ бо ҷалби ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, воситаҳои ахбори омма ва инчунин намояндагони ҷамоатҳо иштирок менамоянд. Дар сатҳи ҷамоатҳо кумитаҳои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода мешаванд, ки ба ҳайати он фаъолони деҳа, мутахассисони соҳаи об ва намояндагони ҳокимияти иҷроияи ноҳия шомил мешаванд. Кумитаҳо масъулияти баррасии шикоятҳои аҳолӣ ва пешниҳодҳои онҳоро ба зимма доранд.

Дар айни замон корҳои тарроҳӣ ва ҷустуҷӯӣ дар маҷмааи обтаъминкунии байниноҳиявии Вахш, ки гурӯҳи ноҳияҳои Вахши вилояти Хатлонро фаро мегирад, низ идома доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: