23 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад

23 сентябри соли равон дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад. Дар  назар аст, ки зимни баргузории барнома  ба 15 нафар занҳои ҳунарманди шаҳри Хуҷанд  грантҳои раиси шаҳр тақдим карда шаванд.

Тавре аз маркази матбуоти  раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар рӯзи таҷлили шаҳри Хуҷанд дар макони баргузории барномаҳои асосӣ, хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ ва ғайра ба маърази иштирокдорону сокинони шаҳр пешкаш мегардад.

Дар ин рӯз ҳамзамон  озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» натиҷагирӣ гардида, ба чанд нафар пешқадамону фаъолони соҳаҳои мухталиф унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» супорида мешавад.

Барномаи калони рангини консертӣ бо иштироки саъаткорони маркази вилоят низ дар назар дошта шудааст.

АМИТ "Ховар"