Азим Иброҳим масъалаи амнияти роҳ ва бехавфгардониро баррасӣ кард

Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Азим Иброҳим, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳабибов рӯнамоии бехавфгардонии мавзеъҳои тармафароии роҳҳои мошингарди мамлакат баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати нақлиёт хабар доданд, дар рӯнамоӣ намояндагони идораҳо ва мақомоти ҳамкор бо соҳаи нақлиёт, аз ҷумла, Агентии обуҳавошиносӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо», Кумитаи сармоягузорӣ, ДТТ ба номи М.Осимӣ, сардорони раёсатҳои вазорат ва маркази лоиҳакашӣ иштирок доштанд.
Муовини сарвазир Азим Иброҳим муҳимият ва саривақтӣ будани мавзӯи рӯнамоии феълиро таъкид намуда, аз ҳозирин хост дар асоси заминаи илмӣ бо далелҳои мушаххас асноду пешниҳоди хешро доир ба бехавф гардондани қитъаҳои ин шоҳроҳ ва зарурати бозсозиву бунёд намудани долонҳои зиддитармавӣ ва тавораҳои нав дар ин қитъа ба миён гузоранд.
Муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев ва директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ Олимҷон Холдоров рӯнамоии мавзӯъро бо истифода аз васоити аёнӣ баргузор намуда, иштирокдорони нишастро бо ҷузъиёти мавзеъҳои хатарноки тармафарои шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ ошно намуданд. Барои тартиб додани лоиҳаи таҷдиду навсозии долонҳои ин мавзеъ дар масофаи 24 км барои масъулин 2 моҳ вақт таъйин карда шуд.
Аҳамияти аввалиндараҷаи роҳ дар амният ва бехатарии он мебошад,- таъкид намуд муовини Сарвазир. Дар охир Вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода ба иштирокдорон барои пешниҳоди андешаҳои муфид сипосгузорӣ намуд.

Tags: