Ба муносибати 100-солагии Ғаффор Валаматзода конфронси байналмиллалии «Рақс ҳамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» доир гардид

Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ғаффор Валаматзода конфронси байналмилалии илмии «Рақс ҳамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид.
«Ғаффор Валаматзода доир ба таърих ва санъати операи ҷаҳонӣ дониши хуб дошт ва дар ин замина ҳамеша донишу малакаи ҳунарии худро такмил дода, операҳои миллии тоҷик: «Шӯриши Восеъ», «Комде ва Мадан», «Домоди хонда», « Майсара» ва «Ғуломон»- ро рӯи саҳнаи тоҷик овард. Асарҳои рӯи саҳна овардаи ӯ дар таърихи театри мусиқии касбии тоҷик саҳифаи рангину фаромӯшношуданӣ мебошанд»,- гуфт Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, Ғаффор Валаматзода барои санъати пешрафти кинои тоҷик корҳои ҳунариро анҷом дод. Барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои санъати хореографии касбии тоҷик дар ҳамкорӣ бо устодони театру кино балети машҳури «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро ба навор гирифт ва манзури дӯстдорони санъати тоҷик ва ҷаҳониён намуд.
«Таҷлили 100-солагии асосгузори санъати хореографии тоҷик Ғаффор Валаматзода ба ҷавонон имкон медиҳад, ки бо рушди санъати хореографӣ дар кишварамон ошноӣ пайдо кунанд. Ғаффор Валаматзода дар тӯли умри худ барои пешбурди санъати хореографии тоҷик корҳои зиёде карда, беш аз 80 асар таҳия намудааст»,- зикр намуд Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АМИТ «Ховар»

Tags: