Дар шаҳри Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис оғоз гардид

Дар шаҳри Кӯлоб аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни наврасони солҳои таваллудашон 2002- 2006, бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Мусобиқа давоми 4 рӯз бо ширкати 5 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе идома меёбад. Соли гузашта дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонону машқварзон ва дӯстдорони теннис як майдони муосири   ба талабот  ҷавобгӯ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба иттилои мураббиён, дар рӯзи аввали мусобиқа сабқатҳои инфиродӣ миёни духтарон ва писарон ҷараён гирифта, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар ҷараёни мусобиқа бозиҳо дар шакли ҷуфт оғоз гардид, ки аввалин шуда варзишгарони вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ба майдон баромаданд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур оммавигардонии теннис ва рушди минбаъдаи он дар ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи теннис ва тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо арзёбӣ мегардад.
Дар ҷамъбаст ғолибон ва беҳтаринҳо аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳо  сарфароз мегарданд.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: