Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин чорабиниҳо бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни мазкур ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию ҳувияти миллии сокинони пойтахт гузаронида мешаванд.
«Дар доираи ин чорабиниҳо ҳар гуна озмуну мусобиқаҳои варзишӣ байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, аз ҷумла, мусобиқаи тирпаронӣ, футболи хурд миёни наврасон баргузор карда мешаванд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо афсарони қисмҳои низомии ҳудуди пойтахт, намоиши филмҳои мустанад дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аёдати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва расонидани кумаки моддӣ ба онҳо дар назар аст»,- афзуд манбаъ.
АМИТ "Ховар"