Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад

7 октябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири саноат ва технологияи Туркия (ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ) Мустафа Варанк баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки 11-13 октябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки миёни кишварҳо иқтидори зиёд дар рушди ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми табодули тиҷоратӣ мавҷуд мебошад ва бинобар ин ташаббусҳои бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳаматарафа ҷонибдорӣ шавад.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мулоқоти муфид барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»