Дар Душанбе муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Америка баррасӣ шуданд

Шукурҷон ЗуҳуровДар шаҳри Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Америка баррасӣ шуданд.

Тавре аз палатаи поёнии Пралумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуд.

Зикр шуд, ки ҳоло равобити Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, маориф, фарҳанг, амният, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ба таври самаранок рушд меёбанд.

«Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Америка барои таҳким ва рушди самтҳои авлавиятноки ҳамкории байнипарлумонӣ, такмили қонунгузорӣ, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ,  ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ собитқадамона талош хоҳанд кард», — илова намуд манбаъ.

Дар мулоқот оид ба тасмиму нақшаҳои Парлумони касбии мамлакат барои рушди иқтисодиёт гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»