Дар Ню-Йорк мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СААД баргузор гардид

20 сентябри соли 2017 дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни ҷаласа оид ба  масоили мубрами Созмон мубодилаи созандаи афкор анҷом доданд.

АМИТ "Ховар"