Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунарҳои колинбофии дастӣ, зардӯзию гулдузӣ, атласу адрасбофӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи ташкилоти байналмилалии ЮНИДО оид ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тавассути технологияҳои компютерӣ дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб барои ҳунармандон ва роҳбарони корхонаҳои саноатии минтақаи Кӯлоб машварат доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, машварат се рӯз идома ёфт ва ҳунармандон тавассути технологияҳои компютерӣ интихоб ва ҷобаҷогузории рангҳоро дар ин намуди касбҳо пурра омӯхтанд.
«Ҳадафи машварат осон намудани мушкилоти мутахассисони касбӣ ва ҳунармандон мебошад. Иҷрои ҳунарҳои мардумӣ бо даст бо меҳнату машаққати хеле зиёд ба роҳ монда мешавад ва дар ҳолати нодуруст интихоб намудани рангу бор ва гулҳои он ҳунарманд метавонад маҳсулоти ба рақобат начандон тобовар истеҳсол намояд ва дар ин ҳолат маҳсулоти истеҳсолшуда харидори худро намеёбад. Аз ин лиҳоз омӯзиши ин барнома барои осон намудани мушкилиҳо ва бартараф намудани камбудиҳои соҳа мусоидат менамояд»,- хабар доданд аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АМИТ "Ховар"