Дар Суғд ғолибони озмуни вилоятии «Мошинаҳои ояндаи коинот» муайян шуданд

Дар Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба ифтихори Ҳафтаи байналхалқии кайҳон озмуни вилоятии «Мошинаҳои ояндаи коинот»  баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, озмунро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳаводорони илми афлок ва иштирокчиёнро ба муносибати Ҳафтаи байналхалқии кайҳон табрик гуфт.

Иштирокчиёни озмун — ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ пас аз ба намоиш гузоштани нигораҳо ва корҳои эҷодии худ дар ҳузури ҳайати ҳакамон маҳсули хешро ҳимоя намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи баҳогузориҳо дар бахши «Мошинаҳои  ояндаи кайҳон» ҷои якум насиби Ануш Ҷалилов — хонандаи синфи 9 аз шаҳри Хуҷанд гардид.

Дар бахши «Мошинаҳои моҳгард» ғолибият насиби  Ҳусейнбои Тоҳир — хонандаи  синфи 9 аз шаҳри  Панҷакент  шуд.

Аз рӯи бахши  сохтани аёниятҳои астрономӣ ҷои аввалро Марям Кенҷаева — хонандаи синфи 10 аз ноҳияи Ашт сазовор гашт.

Ғолибони ҳамаи бахшҳо ва инчунин   иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо дипломҳои дараҷаи I, II, III ва фтихорномаҳои Раёсати маорифи вилоят ва Планетария  қадршиносӣ  шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: