Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид

Моҳи июни соли равон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон миёни донишгоҳҳоиҶумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, аз аккредитатсияи байналмилалии Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтингиҶумҳурии Қазоқистон   гузашт ва соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилӣ гардид.  Ин   падидаи муҳим дар шашмоҳаи аввали соли 2019 дастоварди арзандаи муассиса ба ҳисоб меравад. Дар ин бора ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Бино ба зикри ректори донишгоҳ,  аз ин пас дипломҳои ихтисосҳои «Муносибати байналхалқӣ», «Ҳуқуқшиносӣ», ва «Молия ва қарз»–и донишгоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ бештар эътироф гардида, ин нишондод минбаъд дар хориҷа барои фарогирии хатмкунандагон ба таҳсил ва фаъолияти корӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Зикр гардид, ки дар радифи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар арафаи оғози соли хониши нав дар донишгоҳ боз як маркази тестӣ ташкил ёфта, ҳамзамон барои донишҷӯёни донишгоҳ толори нави пӯшидаи варзишӣ бо 500 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ 6 факулта ва 29 кафедра амал намуда, беш аз 7000 донишҷӯ,  аз  ҷумла, беш аз 100 нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.

Ҳоло донишгоҳ бо 12 донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар маҷмӯъ 66 шартномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ дорад. Дар соли хониши 2018-2019 донишгоҳро 1438 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 56 нафар соҳиби дипломи аъло гаштанд.

-Инчунин бо мақсади бо ҷойи  кор таъмин намудани донишҷӯён раёсати донишгоҳ давоми ду сол бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд ҳамкории қавӣ дошта, мунтазам  дар донишгоҳ ва маркази вилоят ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ доир менамояд, — афзуд ректори донишгоҳ.

АМИТ «Ховар»

Tags: