ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ ОҚИБАТҲОИ ПАНДЕМИЯ. Сарварони СҲШ Эъломияи Москва ва Нақшаи мубориза бо коронавирусро тасдиқ намуданд

Сарварони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки дирӯз, 10 ноябр дар шакли онлайн баргузор гардид, 16 санад, аз ҷумла Эъломияи Москва ва Нақшаи мубориза бо коронавирусро тасвиб карданд. Дар конфронс, аз ҷумла, иқдом дар самти муқовимат бо пандемия ва нарм намудани таъсири он нисбат ба иқтисоди кишварҳо муҳокима шуданд. Илова бар ин, сарварони кишварҳои СҲШ ба мувофиқа расиданд, ки Нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2021–2025 тасдиқ кунанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар ҷараёни вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус, мо (кишварҳои узви СҲШ — шарҳи АМИТ «Ховар») имрӯз бо мушкилоти нави иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавем. Ба иқтисоди миллии кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон зарари ҷиддӣ расонида мешавад. Пандемия ба раванди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тасҳеҳоти муайян ворид намуд. Вай омили афзоиши якбораи бекорӣ, монеи воридшавии сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат гардид. Баъзе кишварҳо метавонанд бо таҳдидҳои амнияти ғизоӣ рӯ ба рӯ шаванд.

«Тибқи арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ хусусияти дарозмуддат дорад», — зикр намуд Сарвари Тоҷикистон. Ба андешаи ӯ, ин чолишҳо муҳимияти андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак ба онҳо тақозо мекунанд. Дар ин замина, тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ ва  иқтисодӣ дар фазои СҲШ бениҳоят муҳим аст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати СҲШ ҳашт кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Чин шомил мебошанд. Чор кишвари дигар (Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон) мақоми нозир доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: