ҒАЛАБА МУБОРАК! Дилшод Назаров қаҳрамони Осиё шуд

Дилшод НазаровВарзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид  ба  варзиши сабук, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дорад, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони қаҳрамониро соҳиб гардид. Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Д. Назаров  гурзро ба масофаи 76,14 метр ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гардид. Зинаи дуюм бошад, насиби Ашраф Ал-Сайфии қатарӣ гардид. Сӯҳроб Хоҷаеви тоҷик, ки дар ҳайати дастаи  мунтахаби Ӯзбекистон баромад мекунад, дар ин мусобиқаи фароқоравӣ ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.

Ёдовар мешавем, ки  варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Д. Назаров бори панҷум аст, ки қаҳрамони Осиё мешавад. Ӯ дар солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ва 2019 ба ин натиҷа  ноил гардидааст.  Мавсуф  барандаи 2 медали нуқра — солҳои 2005 ва 2007 ва як медали биринҷии Чемпионати Осиё соли 2003 низ мебошад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон  бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.

АМИТ «Ховар»