Ғалабаи «Истиқлол» бар «Дордой» мухлисонро шод кард

istiqlol.jpgДирӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт чемпиони Тоҷикистон — «Истиқлол»-и Душанбе дар даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бар дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, 16,5 ҳазор мухлисони дар варзишгоҳбуда ва миллионҳо тамошобинони телевизионро шоду масрур гардонид.
Девид Маутор, легионери ганагии истиқлолиҳо дар дақиқаи 16-ум баъди паси олии Дмитрий Барков бо зарбаи сар ҳисобро боз кард. Баъди 6-дақиқа яке аз беҳтарин бозингарони нимаи аввали вохӯрӣ- Ҷаҳонгир Алиев баъди зарбаи кунҷӣ аз ҷониби капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев голи дуюми соҳибони майдонро ба дарвозаи Валерий Кашуба зада, меҳмононро дилшикаста кард.
Ҳарчанд дар нимаи дуюм имкониятҳои хуби голзанӣ барои бозингарони «Истиқлол» ва «Дордой» вуҷуд доштанд, вале ҳисоб тағйир наёфт. Капитани соҳибони майдон Фатҳулло Фатҳуллоев бо зарбаи сахт боре сутуни дарвозаи меҳмононро ба ларза овард.
Дар ин гурӯҳ дастаи дуюми Қирғизистон -«Алай» дар майдонаш аз «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

АМИТ «Ховар»