Ифтитоҳи бинои иловагии таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои иловагии таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Сино иштирок намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави таълимиро барои 640 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити таълиму тарбия дар он шинос шуд.

Хотиррасон бояд кард, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 дар маҳаллаи сераҳолии Гипроземи шаҳри Душанбе ҷойгир буда талаботи сокинони ин маҳалла ба муассисаҳои таҳсилоти миёна дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Бинои асосии мактаб, ки аз соли 1986 инҷониб фаъолият дорад барои 960 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда то имрӯз мушкилоти зиёди нарасидани синхонаҳо дошт.

Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави иловагӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки дар ин муассисаи таълимӣ дар маҷмуъ зиёда аз 3500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Бинои нави иловагӣ аз чор ошёна иборат буда 31 синфхонаи барҳаво ва замонавӣ аз ҷумла ду синфхонаи таълими меҳнат ва кабинети омодагии ҳарбӣ дошта дар саҳни ҳавлии он майдони варзишии замонавӣ бунёд шудааст. Бартарияти дигари муассисаи навбунёд дар он аст, ки рафти таълиму тарбия, баргузории дарсҳои амалию назариявӣ ва рафтору муомилаи толибилмону омӯзгорон аз як ҳуҷра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

Бинои нави иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 8,5 млн сомонӣ бунёд шуда корҳои сохтмони онро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ниёз” дар давоми камтар аз як сол анҷом додааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида зимни сӯҳбат бо муҳасилин онҳоро ба азхудкунии донишҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои компютерию забономӯзӣ ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҳидоят намуда, масъулини соҳаро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳама муассисаҳои таълимии мамлакат мутобиқ ба шароиту имконоти хуби муҳайёгашта беҳтару хубтар гардонанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе имкон фароҳам овардааст, ки танҳо дар зарфи даҳ соли охир дар назди муассисаҳои таълимии амалкунанда 13 бинои нави иловагии дорои муосиртарин шароит барои 5378 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шавад.

Зимни суханронӣ дар ҳузури ҳайати омӯзгорон ва шогирдони муассисаи таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки толибилмон, бо истифода аз шароити муҳайёкардаи давлату Ҳукумат ва тавассути хониши аъло ба мақсадҳои неки худ расида дар оянда якҷо бо ҳамсолони худ дар ободонию пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузоранд.