Имрӯз дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад

Имрӯз30 январ дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил карда  мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин иди қадимии тоҷикон  бо мақсади амалӣ намудани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷашн гирифта мешавад.

Дар доираи ҷашн дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо» барномаҳои фарҳангӣ  доир гардида, ҳамчунин ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулбуттаҳо  ва асбобу олоти кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ҷашнгоҳ даъват менамояд.

АМИТ "Ховар"