Вазорати кишоварзӣ ба муносибати ҷашни Сада намоиши идона баргузор менамояд

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди Сада 30 январи соли равон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо» намоиши идона баргузор менамояд.

Тавре аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, дар намоиши идона ба тамошои сокинон ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, кӯчати гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат, техника-мошинолоти муосири кишоварзӣ, испори корӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, гузошта мешаванд.

Бояд гуфт, ки ба муносибати ҷашни Сада Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти дахлдор шурӯъ аз 6 январи соли равон дар бозорҳои «Меҳргон», «Ганҷина», «Деҳқон» ва дигар нуқтаҳои муайянгардида фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, кӯчати гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва тухмиҳои баландсифати дорои сертификатро баргузор намуда истодаанд.

АМИТ "Ховар"