Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона -1-6, рӯзона +8+13 ва дар шарқи ин вилоят шабона -7-12 ва рӯзона -2-3 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона -0+5 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бе бориш дар назар буда, шабона +1+3 ва рӯзона +16+18 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ «Ховар»