ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: тӯли 3 рӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ сард мешавад

Шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ якбора бадшавии  вазъи обу ҳаво дар назар аст. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, дар тӯли ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои вилояти Суғд шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзҳои 29-30 январ шабона то 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа сардӣ пешбинӣ мешавад. Рӯзҳои 28-29 январ дар ин ҷойҳо бориши сахти барф ва дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши бод то 18-23 м дар як сония дар назар аст. «Албатта, боридани барф гарчанде дар вилояти Суғд ниҳоят суст пешгӯӣ карда мешавад, вале рӯзҳои 28-29 январ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон эҳтимолияти каму беш шиддат гирифтани бориши барф дар назар аст. 30 январ  боришот қатъ гардида, вале сардии ҳаво нисбатан боқӣ хоҳад монд»,-гуфт ӯ.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо ҳангоми истифода аз асбобҳои гармкунии барқӣ қоидаҳои техникаи бехатарии зидди сӯхторро ҷиддӣ риоя кунанд ва дар истифодаи он сарфакор бошанд.

Ҳамчунин бо мақсади бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард ва тай кардани ағбаҳо пеш аз сафар мошини худро аз назорати техникӣ гузаронанд, чархҳои тобистонаро ҳатман бо чархҳои зимистона иваз намоянд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масофаи таъйиншударо риоя намоянд.

Тавре зимни суҳбат сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ зикр намуд, дар ин рӯзҳо шаҳрвандонро мебояд аз гузаронидани корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии  ҳезум ва рафтан ба шикор худдорӣ варзанд.

АМИТ "Ховар"