Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш мешавад, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бориши суст борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  0-5 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа  хунук, рӯзона  2 дараҷа хунук ва 3 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар назар аст, ки дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) фарояд. Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо ва ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона  11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона бориши сусти борон ва рӯзона бебориш шуда,тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: