Иштироки дипломатҳои тоҷик дар давраҳои омӯзишии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия

Аз 4 то 29 сентябри соли равон бо ташаббуси Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия дар шаҳри Берлин давраҳои омӯзишии дипломатҳои ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор мегарданд. Барои иштирок дар ин давраҳои омӯзишӣ се намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват гардидаанд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи давраҳои омӯзишӣ сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои шарқии Вазорати федеролии корҳои хориҷии  Германия Михаил Зиберт сухан гуфта, ҳадафи онро ба ҳам овардани дипломатҳои кишварҳои як минтақа ҷиҳати дар оянда мусоидат намудани онҳо дар рушди ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ намуд.

Сафири Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов ба роҳбарияти Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия барои мусоидат ҷиҳати иштироки дипломатҳои ҷавони Тоҷикистон дар ин омӯзишҳо изҳори миннатдорӣ намуда, хостори дар оянда идома додани ин анъанаи нек шуд.

АМИТ "Ховар"

Tags: