Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Байтулмуқаддас

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас изҳори нигаронӣ намуда, бар он аст, ки ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард. Изҳорот имрӯз дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор шудааст.

Бар пояи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (181), Вазорат таъкид менамояд, ки Байтулмуқаддас шаҳри тамоми адён маҳсуб ёфта, мунҳасир кардани он ба як қавм ё дин мухолифи қонунҳои байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба талошҳои чандинсолаи кишварҳо барои эҷоди сулҳ байни Фаластину Исроил латмаи ҷиддӣ ворид менамояд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед менамояд, ки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз амалҳое, ки раванди истиқрори сулҳу суботи минтақаро халалдор менамоянд, худдорӣ намуда, ба ҳалли созандаву одилонаи ҳамаи ҷанбаҳои қазияи Фаластину Исроил дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.

Манбаъ: АМИТ "Ховар"