Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард

Доналд Трамп –  президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт. Ӯ рӯзи 6-уми декабр ҳамчунин эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад. Дар ин бора агентии «РИА Новости» хабар дод.

Ин суханони таърихии Доналд Трамп аз тарафи мақомоти Исроил ситоиш шуда, аммо аз сӯи бархеи дигар мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла Арабистони Саудӣ ин тасмими Қасри Сафедро ноҷо хонда, аз Трамп хостааст, ки қарори худро бозбинӣ намояд. Доналд Трамп гуфт, “имрӯз мо пазируфтем, ки Байтулмуқаддас пойтахти Исроил аст. Ин камтар ё бештар аз шинохтани воқеият нест. Иҷрои ин кор дуруст аст ва чизест, ки бояд анҷом шавад.”

АМИТ "Ховар"