Ҳиндустону Покистон низ ба СҲШ пазируфта мешаванд

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон гуфтааст, дар саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) интизор меравад, Ҳиндустону Покистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмони мазкур пазируфта шаванд.
Дар ин бора Назарбоев дар мулоқот бо котиботи шӯрои амнияти СҲШ дар Остона хабар додааст.
СҲШ соли 2001 таъсис шуд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Чину Русия узви ин созмон ҳастанд. Чанд кишвари дигар, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон ва Эрон мақоми нозирро соҳибанд. Саммити СҲШ дар Остона рӯзҳои 7-8 июн дар назар дошта шудааст.
"Бояд ҳамкории СҲШ бо сохторҳои дигари минтақавӣ ва ҷаҳонӣ - амсоли СММ, СПАД густариш ёбад. Мо бар ин боварем, ки ин ҳамкориҳо барои рушди ояндаи созмон таъсир хоҳанд дошт", - гуфтааст Назарбоев.
Дар саммити СҲШ дар Тошканд моҳи июни соли 2016 президенти Русия Владимир Путин гуфт, умедвор аст, Ҳиндустону Покистон дар саммити навбатии СҲШ узви комилҳуқуқи ин созмон хоҳанд шуд.

Tags: