Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид мекунад: «Аз 8 то 10 декабри соли 2016 ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад»

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 8 то 10 декабри соли 2016 ҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона вазиши шамоли сахт- дар як сония то 17-22 метр пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 6 °С-ро ташкил хоҳад дод.
Ғайр аз ин часпидани барфи тар дар симу дарахтон ва дар роҳҳои кӯҳӣ ғуншавии барф ва яхбандии шадид бар асари сармо пешбинӣ мешавад.
Кумита ҳушдор медиҳад, ки бар асари шамол ва часпидани барфи тар дар симҳо эҳтимоли зарар дидани хатҳои интиқоли барқ, шикастани дарахтон, ҳамчунин зарар дидани овезаҳои рекломҳо, ки суст часпонида шудаанд, вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо рафтуомади безарурати худро аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳроӣ, омодасозии ҳезум ва шикор дар маҳалҳои кӯҳӣ як муддат худдорӣ варзанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: