МО БОЗ ЗИЁДТАР ШУДЕМ! Дар тӯли 28 сол аҳолии Тоҷикистон қариб 2,5 баробар афзудааст

Аҳолии Тоҷикистон дар тӯли соли охир 2% афзуд ва 9 миллиону 444,2 ҳазор нафарро ташкил намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти Агентии омор, аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллиону 444 ҳазору 250 нафар расидааст.

Дар 10 моҳи охири соли равон аҳолии мамлакат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 фоиз афзудааст.

Дар бахши минтақавӣ шумораи аҳолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 3,4 миллион нафар, вилояти Суғд — зиёда аз 2,7 миллион нафар, ВМКБ — 230,4 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — беш аз 2,2 миллион нафар ва шаҳри Душанбе — 871,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Пештар СММ пешгӯӣ карда буд, ки аҳолии Тоҷикистон то чӣ андоза тағйир хоҳад ёфт. Тибқи пешгӯиҳои СММ, то соли 2100 аҳолии мамлакат 2,5 маротиба афзоиш меёбад ва зиёда аз 25 миллион нафар хоҳад шуд.

Дар оғози соли гузашта Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки тайи 28 соли охир аҳолии Тоҷикистон 3,7 миллион нафар афзудааст ва дар ҷамъбасти соли 2018 ба 9,1 миллион нафар расидааст.

Бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда соли 1990 ҳамагӣ 5,4 миллионро ташкил карда буд. Тибқи пешгӯӣ, соли 2023 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Зикр шудааст, ки дар айни замон дарозии умри миёна дар мамлакат  75 солро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, шумораи умумии одамоне, ки дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, то 22 ноябри соли 2020 тақрибан ба 7 827 000 000 нафар расидааст. Аҳолии Замин то соли 2018 7,594 миллиард нафарро ташкил медод. То солҳои 70-ум аҳолии ҷаҳон тибқи қонуни гиперболӣ афзоиш меёфт; аз соли 1990 ба ин тараф сустшавии суръати афзоиши аҳолии Замин ба назар мерасад, соли 1990 афзоиши он 87,4 миллион нафарро ташкил дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: