Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

1 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.

Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои миёни ду кишвар, ки дар заминаи усулҳои пойдори дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфта, дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангу маориф рушд мекунанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки рушди устувору мунтазами ҳамкории Тоҷикистону Беларус ҳам дар ҳошияи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба идома меёбад ва воқеан хусусиятҳои шарикии зичро касб кардаанд.

Сарони давлатҳо оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуда, зарурати таҳкими ҳамкориро ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа, тақвияти минбаъдаи саъю талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳои фаромарзии терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карданд.

Ҷонибҳо ниёзмандӣ ба пешбурди ҳамкории зичтарро дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, ки узви онҳо ҳастанд, таъкид намуданд. Ҷонибҳо аҳамияти Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои онро ба сифати василаи умумӣ дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон арзёбӣ карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз мазмун ва сифати баланди пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати идомаи ҳамкориро ҷиҳати такмилу тавсеаи минбаъдаи он зарур шумориданд.

Тарафҳо аҳамияти санадҳои зимни сафар баимзорасидаро, ки фарогири самтҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистону Беларус мебошанд, таъкид карданд.

Роҳбарони ду давлат, бо ишора ба фаъол гардидани равобити байнипарламентӣ аҳамияти рушди минбаъдаи онро қайд намуданд.

Бо назардошти таҷрибаи мусбати робитаҳои байниминтақавӣ дар сатҳи вилояту шаҳрҳо, сарони ду давлат зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ва бо мазмуни нав ғанӣ гардонидани онро таъкид карданд.

Бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла, ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол, роҳбарони ду давлат зарурати баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматиро оид ба масоили ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли нисбатан самараноки логистикӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, муассисаҳои муштарак ва эҷод намудани шароити мусоид барои ҳамкории мутақобилаи ниҳодҳои хоҷагидорӣ иброз гардид. Дар баробари ин маҷмӯи саноати кишоварзӣ, мошинсозӣ, нақлиёту энергетика, саноати озуқа ва сабук ба сифати арсаҳои ояндадори ҳамкории иқтисодӣ муайян гардиданд.

Роҳбарони ду давлат тавсеаи ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими фазои иттилоотию фарҳангиро ба сифати шартҳои муҳим дар ҳифзу тақвияти муносибатҳои неки таърихӣ миёни мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд. Аз баргузории вохӯриҳои мунтазами доираҳои илмӣ, ходимони санъат ва адабу ҳунари Точикистону Беларус бо хушнудӣ истиқбол карда шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи амалияи баргузории рӯзҳои фарҳанг ва дастгирии пайгиронаи рушди минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф изҳори омодагӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар фазои анъанавии дӯстӣ, эътимоди комил ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳарду ҷониб бо мақсади идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ, инчунин баргузории мунтазами мулоқотҳои гуногунсатҳи дуҷониба ҷиҳати муҳокимаи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарму самимӣ миннатдории амиқи худро ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ба ҳамаи мардуми Беларус баён намуда, аз Президенти Беларус ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал овард. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд. Муҳлати баргузории сафари расмӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Белорус дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

— Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Академияи миллии Беларус;

— Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ;

— Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус.