Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳтаро 19 апрел ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои СММ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон, инчунин дурнамои ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон тарафҳо дар робита ба баргузории чорабиниҳои муштарак ба муносибати 25-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба мувофиқа расиданд.

АМИТ "Ховар"