ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.
Меҳмони олиқадрро дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳия сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Бояд гуфт, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ 140 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин шумора, то имрӯз 90 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар самти муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардонидани вазъи кору хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум нақши муҳим мегузоранд.