Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн БаттулгаЗимни мулоқоти дуҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони мусоиди мулоқоту баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳошияи Форуми дуюми сатҳи байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” омили муҳими таҳкими робитаҳо арзёбӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши онҳо иброз доштанд.

Тоҷикистону Муғулистонро ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба ҳам муттаҳид месозад, ки сарони давлатҳо аз сатҳи ин робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки ба хотири таҳкими муносиботи дуҷониба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо истифода аз имкону захираҳо ҷоннок карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар»