Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот анҷом доданд

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Роҳбарони ду давлат аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду давлат, афзоиши парвозҳо ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду мамлакатро зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду давлат то соли 2030” ва идомаи фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои амалисозии ҳадафҳо аҳамияти хос хоҳад дошт.

Дар ҷараёни вохурӣ роҳбарони ду давлат ҳамкории мамлакатҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории исломӣ муҳокима намуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба вазъи амниятии кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд, табодули андеша намуданд.

Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои наздиктарин ба барқарории сулҳу субот дар ин давлат беш аз дигарон манфиатдор мебошанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Tags: